Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХОБИ ЗАМОНА

Дило, биё, ки чу барқи баҳор ханда занем, Ба бесуботии шабҳои тор ханда занем. Кунун, ки соғари ҳастӣ зи ғусса лабрез аст, Хӯрем бодаю беихтиёр ханда занем. Биё, ки маст бимирем, то ки баъд аз марг, Ба саҳнасозии рӯзи шумор ханда занем. Ба базми қудс нишинем ҷоми бода ба каф, Ба реши зоҳиди шабзиндадор ханда занем. Нишастаем қаландарсифат ба гӯшаи фақр, Ба тоҷу тахти ту, эй шаҳриёр, ханда занем. Замона кӯдаки сулҳе ба хоб мебинад, Ба ин аҷузаи уммедвор ханда занем.