Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МЕҲРОБИ ДУО

Мо тан ба фано додем, то зинда шумо бошед, Бар хоки мазори мо, дасте ба дуо бошед. Шаҳид Муҳаммадисмоил Балхӣ Эй чилчилаҳо, то чанд аз боғ ҷудо бошед? Дар раҳгузари селоб маҳкуми фано бошед. Зоғони сияҳдилро дар сояи гул ҷо нест, Бояд, ки шумо он ҷо дар шӯру наво бошед. Гар тоҷи шаҳаншоҳӣ бахшанд, ки нахрӯшед, Гӯед: Намехоҳем. Бигзор гадо бошед. Аз шохи гуле дар боғ меҳроби дуо созед, То фоҷиа баргардад, масруфи дуо бошед. З-он пеш, ки моро дард аз пой барандозад, Аз баҳри Худо, ёрон, дар фикри даво бошед. Шатранҷи сиёсатро бояд, ки биомӯзед, То чанд дар ин бозӣ бозанда шумо бошед? Кас гуфт ба дарвеше: Мафҳуми ибодат чист? Гуфто: Ба кафи кӯрон бояд, ки асо бошед.