ПАРДАНИШИН
Ҳой, эй дили девона! Дар ашк шино то кай?
Ҳар лаҳза фурӯ рафтан дар коми бало то кай?
Гар марди раҳӣ, зинҳор, қавли ту яке бояд,
Сад гуна сухан гуфтан бо халқи Худо то кай?
Дар майкада бо риндон, паймона занӣ пинҳон,
Дар мадраса бо тифлон бо далқу ридо то кай?
Гаҳ парданишин аз ноз дар пардаи худ хоҳӣ,
Гаҳ бар дари ҳар нокас рафтан чу гадо то кай?
Ман масти хароботам, бегона зи томотам,
Занҷири хурофотам бар гардану по то кай?
Эй рафта зи чашмонам, пинҳон шуда дар ҷонам,
Дар сина ниҳон то чанд? Аз дида ҷудо то кай?
Фонӣ, сухани риндон пироя намехоҳад,
Дар тарзи баёни ту, ин ранги риё то кай?