ЧАРОҒОН
Бинол, эй дил, ки хомӯшӣ назебад дардмандонро,
Бибор, эй дида, то ғамҳо насӯзад қалби нолонро.
Ба ҷони ту, ки ҳиҷронат ба лаб овард ҷони ман,
Худоро, эй сабо, аз ман бигӯ он ҷони ҷононро.
Марав то боз наншинад дил андар хуну ҷон дар ғам,
Биё, то боз бирбоӣ зи дил тобу зи тан ҷонро.
Ниҳодам мижа барҳам то нарезад ашку н-ояд оҳ,
Дареғо, кай тавон бо хор бастан роҳи тӯфонро?
На Ҳофиз дар харобот асту не дар хонақаҳ Румӣ,
Чӣ шуд охир, куҷо бурданд ёрони сухандонро?
Ба пои шавқ занҷир асту дасти орзу баста,
Биё, то бишканем, эй дил, ману ту қуфли зиндонро.
Басе бинӣ, ки мурдан сад шараф бар зиндагӣ дорад,
Манӯш, эй дил, агар ёбӣ нишони оби ҳайвонро.
Ҳуҷуми доғи дилро дар шаби ҳиҷрон ҳувайдо кун,
Чаро дар парда пинҳон мекунӣ, Фонӣ, чароғонро?