САРКАШ
Маду ҷазри зиндагонӣ нагирифт дасти маро,
Ки ба авҷи комронӣ бибарад шикасти моро.
Агар он фаришта аз ноз, надиҳад, ки бӯсамаш пой,
Чӣ шавад агар ба дасташ бидиҳед дасти моро.
Дилам аз ҷаҳон гирифта, карамат куҷост, соқӣ,
Ки ба шодие рабоянд дили ғампарасти моро?
Макушо зи пои дил банд, манамо ҳасуд хурсанд,
Бигузор, то бибинанд, ба ту банду басти моро.
Ба ҷаҳон зи мову иблис раҳу расми саркашӣ монд,
Ба нигоҳи кам мабинед, гунаҳи аласти моро.