НОЧОР
Дар кӯи майфурӯшон ҳушёр кас мабодо!
З-осеби ақл вайрон зинҳор кас мабодо!
Ҷое, ки ҳамнишинон дар хоби ноз ғарқанд
Бор, эй Худо, дар он ҷо бедор кас мабодо!
Ибратсарои олам бисёр пуртамошост,
Чун ман аз ин тамошо безор кас мабодо!
Аз дасти чорасозон корам зи чора бигзашт,
Бо садҳазор чора ночор кас мабодо!
Бе симу зар ба гетӣ саҳл аст зиндагонӣ,
Дар гирудори мастӣ бе ёр кас мабодо!
Бо халқ дарфитодан дорад харобӣ аз пай,
Дар пеши пои дарё девор кас мабодо!
Фонӣ, илоҷи моро ғайр аз аҷал кӣ донад?
Аз дарди зинда будан бемор кас мабодо!