ЭЪҶОЗИ БАҲОР
Гарм аст азбас ҷону дил аз оташи савдойи ӯ,
Гар ақл ҷо гирад ба сар, аз ишқ сӯзад пойи ӯ.
Эй ишқбозони ҷаҳон, ман ошиқи ҷонон шудам,
Дигар чаро пинҳон кунам, чун гаштаам расвойи ӯ.
То дар биёбони ғамаш озода ғавғо сар диҳам,
Хоҳам, ки бигрезам шабе аз шаҳру аз ғавғойи ӯ.
Хоҳам, ки занҷири хирад, баргирам аз пои хаёл,
Гар дил хирадмандӣ кунад, банд афканам дар пойи ӯ.
Ҳар сӯ равам рақсон шавам, ҳамбозии тифлон шавам,
Чун бод саргардон шавам, дар домани саҳройи ӯ.
Аз хандааш нахли хазон гардад саропо ғарқи гул,
Бинҳуфта эъҷози баҳор дар ғунчаи лабҳойи ӯ.
Фонӣ, чӣ созам баъд аз ин, чун рафт дину дил зи даст?
Дил буд дар дасташ асир, ҷон низ шуд шайдои ӯ.