Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ЧУҒДИ АҶАЛ

Эй баршуда бар минбар, аз ҳарф ба маъно рав! Аз шаҳри зиён бигзар, дар кишвари дилҳо рав! Пайдоӣ ту бар минбар, пинҳонӣ ту бар дилбар, Мардона ба як маъбар пинҳон раву пайдо рав! Бар боми нагунбахтон чун чуғди аҷал маншин, Бар бистари беморон монанди Масеҳо рав! Ҷамъе ба забон бо ту, бегона зи ҷон бо ту, Девори забон бишкан, дар ҷон ба тамошо рав! Он гаҳ ки ба шӯр оянд, бо ту ба сурур оянд, Чун бар лаби гӯр оянд, гӯянд, ки танҳо рав! Ҳон, эй дили беҳамто, эй пардадари шабҳо, Бар ҷанги сиёҳиҳо бо ханҷари фардо рав! Чун санг дар ин соҳил, Фонӣ, зи чӣ афсурдӣ? Аз хеш баро чун мавҷ, дар синаи дарё рав!