Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШОМИ ЗИНДОН

Санамо, туро чӣ гӯям, ки чӣ сонам аз фироқат? Зи ту шиквае надорам, ба фиғонам аз фироқат. Ба умеди субҳи васлат ҳама шаб дар ин хаёлам, Ки чӣ гуна ҷони худро бираҳонам аз фироқат? Ба раҳат зи ҷон гузаштан бувад аз тавонам, аммо Ғами хешро нуҳуфтан натавонам аз фироқат. Нигаҳат ба чашми ман гуфт: Зи чӣ хун зи мижа борӣ? Дили ношикеб гуфто: Ба гумонам аз фироқат. Шаби ҳаҷр ҳоли дилро ба чӣ коғазе нависам, Ки чу шамъ шуъла хезад зи забонам аз фироқат? Ҳама ҷо чу шоми зиндон шуда тору тира бар ман, Ки ситорае натобад ба ҷаҳонам аз фироқат. Пас аз ин ба шеъри Фонӣ гулу сунбуле наёбӣ, Чӣ бигӯям аз баҳорон, ки хазонам аз фироқат?