Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

КӮЧАИ УМР

Дили ман дузду чашми ҷонон дузд, Бастапо дузд, аҳду паймон дузд. Дар ҷавонӣ ҳавас табоҳам кард, Боғро мезанад баҳорон дузд. Ваҳ, ки хӯрдам фиреби гуфторат: «Эй ба лаб қозию ба мижгон дузд». Боядаш дар камин нишасту рабуд, Некбахтӣ зар асту инсон дузд. Ҳазар аз печутоби кӯчаи умр, Хуфта дар ҳар қадам ҳазорон дузд. Ганҷи худро куҷо ниҳон созам? Соҳиби хона дузду дарбон дузд. Гӯшае ку, ки ман паноҳ барам? Кӯчаю шаҳру дашту домон дузд. Боғбон ранҷ бурду ганҷ набурд, Шуда дар боғ навниҳолон дузд. Эй дарахтон, паноҳатон ба Худо, Бод раҳзан шудасту борон дузд.
КӮЧАИ УМР | Шоирон