Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Нест дар охирзамон фарёдрас

Нест дар охирзамон фарёдрас, Ҷуз Салоҳуддин, Салоҳуддину бас! Гар зи сирри сирри ӯ донистайӣ, Дам фурӯ каш, то надонад ҳеч кас! Синаи ошиқ яке обест хуш, Ҷонҳо бар оби ӯ хошоку хас! Чун бибинӣ рӯйи ӯро, дам мазан, К-андар ойина зиён бошад нафас! Аз дили ошиқ барояд офтоб, Нур гирад офтоб аз пешу пас!