Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид, Нимшабе ногаҳон субҳи қиёмат дамид. Воситаҳоро бурид, дид ба худ хешро, Он-ч забоне нагуфт, бе cару гӯше шунид! Пӯст бидаррад зи завқ, ишқ чу пайдо шавад, Лек куҷо завқи он, к-ӯ кунадат нопадид? Фақр бибурда сабақ, рафта табақ бар табақ, Боз кунад қуфлро фақри мубораккалид! Куштаи шаҳват палид, куштаи ақл аст пок, Фақр зада хаймае з-он суйи поку палид! Ҷумла дили ошиқон ҳалқа зада гирди фақр, Фақр чу шайхушшуюх, ҷумлаи дилҳо мурид! Чунки ба Табрез чашм Шамси Ҳақамро бидид, Гуфт Ҳақаш: «Пур шудӣ?» Гуфт, ки «ҳал, ман мазид!»