Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ДИЛСӮЗӢ

Дилам месӯзад ба қолибофе, ки қолӣ мебофад, аммо қолӣ надорад. Дилам месӯзад ба атласбофе, ки атлас мебофад аммо як куртавор атласро аз сияҳбозор мехарад гарон. Дилам месӯзад ба қаҳрамоне – бознишастае, лоғару хастае, ки сари синаҳош пур аз медол аст, аммо синааш пур аз захми ҷанг, пур аз малол аст. Дилам месӯзад ба пунбакоре, ба пунбачине, ки соли дароз ҷон меканад миёни ҷӯяҳо тор метанад, аммо, мааттаассуф, пироҳани пунбаиро намеёбад. Мепӯшад синтетик дар гармои тамуз. Дилам месӯзад ба қаҳрамонмодаре, ки фарзандонаш авбошанд,