Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ХVІІ)

Виска – шароб. Наякӣ карда шираи норанҷ, Ҷустуҷӯ мекунанд симу ганҷ. Ғарбию осиёии судхӯр Ҳар ду бардошта сар аз як гӯр. Як тараф қадбаланд америкоӣ Истода чу турки яғмоӣ, Як тараф англисӣ бадбунёд Мекунад ҳилаҳои нав эҷод. Чанд аз ҳиндувони оқипадар, Зархаридони қувваи доллар, Дар миён чун ғуломи ҳалқабагӯш Монда шаъни диёри худ ба фурӯш. Монда ҳам хуну ҷони ҳиндуро, Ҳам сафед устухони ҳиндуро. *** Дар канори васеи баҳри кабуд, Шаҳри Бамбай ситода нохушнуд, Меҳмонхона ё ки «Тоҷмаҳал», «Менамояд ҳаёти ҳинду ҳал». Меравад рӯзу шаб бад-ин минвол, Ин хариду фурӯши ҷоҳу ҷалол, Аз канори халиҷи баҳри Араб То ба он сӯи баҳрҳо ҳар шаб Киштиҳо мераванду меоянд, Ҳеҷ аз рафтуо наёсоянд. Баҳр мешӯраду намедонад, Ки чӣ гуна таронае хонад. Мевазад бод кӯр-кӯрона Ҳам суи дӯст, ҳам ба бегона, Зистан мурда-мурда дар олам Чӣ қадар мушкил аст бар одам… Дар ҷаҳон насли одам одамвор Зиндагӣ мекунад фақат як бор . Гар нахандат ба рӯи ту ватанат, Гар напошад гул аз сарат чаманат, Гар надонӣ фароғати меҳнат, Лаззати обу нони беминнат,