Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бустон ой

Хилофи сарвро рӯзе хиромон сӯи бустон ой, Даҳон чун ғунча бикшою чу гулбун дар гулистон ой. Дамодам ҳуриён аз хулди ризвон мефиристандат, Ки эй ҳурии инсонӣ, даме дар боғи ризвон ой! Гарат андеша мебошад зи бадгӯёни бемаънӣ, Чу маънӣ миъҷаре барбанду чун андеша пинҳон ой. Дилам гирди лаби лаълат Сикандарвор мегардад, Нагӯӣ, к-охир, эй мискин, фарози оби ҳайвон ой. Чу Ақраб душманон дорию ман бо ту чу Мизонам, Барои маслиҳат, моҳо, зи Ақраб сӯи Мизон ой. Ҷаҳоне ишқбозонанд дар аҳди сари зулфат, Раҳо кун роҳи бадаҳдию андар аҳди эшон ой. Хушомад нест Саъдиро дар ин зиндони ҷисмонӣ, Агар ту якдилӣ бо ӯ, чу ӯ дар олами ҷон ой!