ДОСТОНИ ҶАНГИ ҲАФТ ГУРДОН
Чу бо марг кӯшиш надорад-т суд,
Кунун расми Рустам бибояд шунуд.
Чӣ гуфт он сароянда марди далер,
Ки ногаҳ баровехт бо наррашер,
Ки гар номи мардӣ биҷӯӣ ҳаме,
Ба хун теғи ҳиндӣ бишӯӣ ҳаме,
Зи бадҳо набояд-т парҳез кард,
Чу пеш оядат рӯзгори набард.
Замона чу ояд ба тангӣ фароз,
Ҳамоно нагардад ба парҳез боз.
Чу ҳамраҳ кунӣ маргро бо хирад,
Далерат зи ҷанговарон нашмарад.
Хирадрову динро раҳе дигар аст,
Суханҳои некӯ ба банд-андар аст.
Кунун аз раҳи Рустами ҷангҷӯй
Яке достон аст борангу бӯй.
Шунидам, ки рӯзе гави пилтан
Яке сур кард аз дари анҷуман.
Ба ҷое куҷо номи ӯ буд Наванд,
Бад-ӯ андарун кохҳои баланд.
Куҷо озари бурзи Барзин, кунун
Бад-он ҷо фурӯзад ҳаме раҳнамун.
Бузургони Эрон бад-он базмгоҳ
Шаванд анҷуман номвар як сипоҳ.
Чу Тусу чу Гударзи Кашводагон,
Чу Баҳрому чун Геви озодагон.
Чу Гургину чун Зангаи Шоварон,
Чу Густаҳму Харроди ҷанговарон.
Або ҳар як аз меҳтарон мард чанд,
Яке лашкари номдор арҷманд.
Наёсуд лашкар замоне зи кор,
Зи чавгону тиру набиду шикор.
Чу чанде бад-ин сон гузар кард рӯз,
Ба шодиву ромиш ҳама дилфурӯз.
Ба мастӣ чунин гуфт як рӯз Гев,
Ба Рустам, ки «Эй номбардори Нев,
Гаҳи рафтан омад ба дигар сарой,
Магар назди Яздон беҳ ояд-м ҷой.