Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МУРҒИ ТӮФОН

Сайқал задам оинаро, лабрези ҷавлонам кунед, Зангори кибру кинаро дур аз дилу ҷонам кунед. Аз куфру имон растаам, бо ишқ паймон бастаам, Эй ошиқон, дар кеши худ побанди паймонам кунед. Ғам синаам бишкофта, меҳраш ба дил раҳ ёфта, Хуршед бар ман тофта, оинабандонам кунед. Ман мурғи тӯфондидаам, андар бало болидаам, Аз хору хас бибридаам, дар боғ меҳмонам кунед. Зоҳид ба тори тавбае хоҳад, ки бандад боли ман, Аз чанги ин кофар раҳо, ёрон, гиребонам кунед. То хайма дар хулди барин аз шайх болотар занед, Эй майпарастон, ҷуръае нӯш аз хумистонам кунед. Охир ба Мисри маърифат, тақдир роҳам медиҳад, Эй ҳамраҳон, сад бор агар дар чоҳ пинҳонам кунед. Ишқ аст меъмори дилам, ӯ мекушояд мушкилам, Гул медамад боз аз гилам ҳарчанд вайронам кунед.