БЕШАИ ШЕРОН
Ҳасрато, лонаи уқобон сӯхт,
Ҷангал оташ гирифту мурғон сӯхт.
Рустами Достон куҷо рафтӣ?
То бибинӣ, ки Кобулистон сӯхт.
Гиря кун андалеби овора,
Ғунча пар-пар шуду гулистон сӯхт.
Шарқу ғарби Ватан ба оташ рафт,
Боғи норинҷу токи Парвон сӯхт.
Дасти ғоратгарони чингизӣ,
Ҳасту буду далермардон сӯхт.
Масҷиду хонақоҳ вайрон шуд,
Кӯдаку пиру навҷавонон сӯхт.
Шаҳр танҳо ба коми шуъла нарафт,
Рамаҳо дар дили биёбон сӯхт.
Ҳайфу сад ҳайф бешаи шерон,
Мушкил омад ба дасту осон сӯхт.