ҲАМОШЁН
Ҳанӯз ишқи ту уммедбахши ҷони ман аст,
Хушо, ғаме, ки аз ӯ шодии ҷаҳони ман аст.
Чӣ шукр гӯямат, эй ҳастии ягонаи ишқ,
Ки сӯзи синаи хуршед дар забони ман аст?
Агарчи фурсати умрам зи даст рафт, биё,
Ки ҳамчунон ба раҳат чашми хунфишони ман аст.
Намеравад зи сарам ин хаёли хунолуд,
Ки доси ҳодиса дар қасди арғувони ман аст.
Биё, биё, ки дар ин зулмати дурӯғу риё,
Фурӯғи рӯи ту ороиши равони ман аст.
Ҳикояти ғами дерин ба ишқ гуфтам, гуфт:
Ҳанӯз ин ҳама оғози достони ман аст.
Бад-ин нишон, ки туӣ, эй дили нишаста ба хун,
Бимон, ки тири амони ту дар камони ман аст.
Агар зи варта битарсӣ чӣ тарф хоҳӣ баст?
Зи турфаҳо, ки дар ин баҳри бекарони ман аст.
Замон ба дасти парешониаш нахоҳад дод,
Диле, ки дар гарави ҳусни ҷовидони ман аст.
Ба шодии ғазали Соя нӯшу бахшаш ишқ,
Ки мурғи хушсухани ғам ҳамошёни ман аст.