КИТОБҲОИ ШАҲИД
Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд,
Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд.
Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд,
озурданд,
Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд.
Шуморо ҳам чу як қонуншикан куштанд.
Шуморо ҳам чу балвогар, чу яғмогар,
Чу исёнгар, чу вайронгар
Басо бераҳм парронданд.
Шумо дар чоҳҳо,
Дар ғорҳо,
Дар гӯрҳои куҳна мадфунед.
Шумо ҳам ғарқи дарёҳо,
Шумо ҳам ғарқаи хунед.
Шумо дар хоку хун ғалтон,
Шуморо сӯхт Искандар,
Қутайба кард хокистар,
Шуморо кушт Чингизхон.
Шуморо котибон, то дасташон аз ғул
раҳо бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо соҳибон, то зиндагишон бебало бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо ҳамчу хиште
Аз тани девори қасру маъбади фарҳанг
Зи тоқи ошёни илму дониш ҷоҳилон канданд.
Ба дунёи фаромӯшӣ шуморо дур афканданд.
Валекин модари он шоирони ғайбдон зиндаст,
Валекин модари он бихрадони ҷовидон зиндаст.
Ки то дунё бувад, обастани имрӯзу ояндаст.
Валекин чашмаҳои фикрату фитрат
Зи пистони сафеди модари тоҷик нахушкидаст.
Валекин халқ бо афкори нуронӣ
Ба зери осмон
Бо гардиши чархи замон зиндаст.
Кунун донишписандоне чу гумҷӯён
Шуморо аз ҳама кунҷу канори даҳр меҷӯянд.
Кунун саррофҳо – гавҳаршиносони сухан