Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес

Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес, З-он ки нарезад кунун хуни раҳӣ як лакес! Ганҷи ниҳони ду кавн пеши рухаш як ҷав аст, Баҳри лакесе, дило, сард бувад ин макес. Ошиқии он санам в-он гаҳ тарси касе?! Якдаму якранг бош, ошиқу он гоҳ пес! Ай дили шаккарситон, аз намакаш шӯр кун, Об зи Кавсар бихур, хоки дари ӯ билес! Зуд бишӯ лавҳро з-абҷади ин кофу нун, Он гаҳ, ай дил, бирав нуқтаи холаш навис! Ай ҳасади мавҷзан, баҳри Сиёҳ омадӣ, Хишти гили тирае з-оби ҷаҳаннам бихес! Шамси Ҳақу дин кашид теғ бурун аз ниём, Ай хиради дуксор, тори хаёлӣ бирес!