Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил мабод афсурда, то бар кас нагардад кор сард,

Дил мабод афсурда, то бар кас нагардад кор сард, Шамъи хомӯш анҷуманҳо мекунад якбор сард. Оламеро зери ин сақфи мушаббак ёфтам Чун сари бемағзи зоҳид дар таҳи дастор сард. Доғ шуд дил, то чӣ даргирад ба ин дилмурдагон? Чорагар яксар зуголу нолаи бемор сард. Инфиоли ҷавҳари мард ихтилоти ҳез нест, Шуълаҳоро шамъи кофурӣ кунад душвор сард. Бо ҳама тадбир аз оташ барнаёяд молдор, Пӯст андозад, бувад ҳарчанд ҷойи мор сард. Бетакаллуф бо нафас рӯзе ду бояд сохтан, Дил ҳавохоҳу насиме дорад ин гулзор сард. То шавад ҳастӣ гуворо, бо ғубори фақр ҷӯш, Об дар зарфи сафолин мешавад бисёр сард. Яъспаймо ашки Фарҳодам шабе омад ба ёд, Нолае кардам, ки гардид оташи куҳсор сард. Дар ҷавонӣ беҳ, ки бошӣ ҳамсулуки офтоб, То ҳаво гарм аст, бояд гармии рафтор сард. Беривоҷӣ дидӣ, асрори ҳунар пӯшида дор, Ҷинс мехоҳад лиҳоф,315 он дам ки шуд бозор сард. Гарм ногардида мижгон, офтобе мерасад, Хобнокон, чанд бошад сояи девор сард? Бедил, афсуни майу най он қадар гармӣ надошт, Орзуҳо гашт бар дил аз як истиғфор сард.