Мактуби шавқ ҳаргиз бе номабар набошад,
Мактуби шавқ ҳаргиз бе номабар набошад,
Мову зи хеш рафтан, қосид агар набошад.
Ҳар ҷо танид
фитрат, як ҳалқа дошт гардун,
Дар фаҳми хатти паргор ҳукми дусар набошад.
Хошокро дар оташ то кай хаёли пухтан?
Он ҷо ки ҷилваи ӯст, аз мо асар набошад.
Мағрури фурсати даҳр з-ин бештар мабошед,
Басту кушоди мижгон шому саҳар набошад.
Барқе зи дур дорад ҳангомаи таҷаллӣ,
Эй бехудон, бибинед, дил ҷилвагар набошад?
Моро ба ранги шабнам то ошёни хуршед
Бояд ба дида рафтан, гӯ болу пар набошад.
Ҳарчанд кори фардост, имрӯз муфти худ гир,
Шояд димоғи тоқат вақти дигар набошад.
Зоҳид, зи вазъи хилват нози камол мафрӯш,
Афсурдан аз кафе хок чандон ҳунар набошад.
Оинахонаи дил охир ба занг додем,
З-ин беш оҳи моро ранги асар набошад.
Хоҳӣ, ба халқ рӯ кун, хоҳӣ, хаёли ӯ кун,
Эй олами тамошо, бар худ назар набошад.
Осудагӣ маҷӯед аз вазъи ашки Бедил,
Ин ҷавҳари чакидан оби гуҳар набошад.