Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОВОЗИ ҒАМ

Дар ман касе пайваста мегиряд, Ин ман, ки аз гаҳвора бо ман буд. Ин ман, ки бо ман То гӯр ҳамроҳ аст. Дардест чун ханҷар, Ё ханҷаре чун дард? Ҳамзоди хун дар дил Абрест боронӣ, Абре, ки гуӣ гиряҳои қарнҳоро дар гулӯ дорад, Абре ки дар ман Якрез меборад. Шабҳои боронӣ, Ӯ бо садои гиряааш ғамнок мехонад. Рӯдест бе оғозу бе анҷом, Бо ҳой-ҳои гиряаш дар бекарони дашт меронад, Пире ҳикоятгӯст, К-аз кӯдакӣ бо худ маро мебурд. Дар боғҳои мардуме гирён, Аммо чӣ боғе? Дӯзахе, к-он ҷо Ҳар дам гуле шашкуфта мепажмурд. Мурғест хунинбол, К-аз зери пари чашмаш, Андуҳноки сангборонҳост, Ӯ дар ҳавои меҳрубонӣ бол меорост: —Кай меҳрубонӣ боз хоҳад гашт? — На, меҳрубонӣ Оғоз хоҳад гашт. Аз аҳди Одам То ман, ки ҳардам, Ғам бар сари ғам мегузорам, Он ғамгусори ғамгусоронро ба ҷон хондем В-аз роҳу бероҳ Ошиқваш аз қарне ба қарне сӯи ӯ рондем В-он орзуангези айёр, Ҳаррӯз сабре беш мехоҳад зи ошиқ, Дидорро ҷон пеш мехоҳад зи ошиқ В-он гаҳ ки рӯе менамояд,