Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЧАШМАИ ШОИР

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя1 Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир. Номи зебост, номи рӯҳангез, Рӯҳи касро навозад он охир. – Лек афсӯс, – худгифие гуфт: Ҷӯши онро касе куҷо дида? Сар занад навбаҳор агар як рӯз, Рӯзи дигар бубинӣ хушкида. Боз гуфто: зи Чашмаи шоир Лаб ба гуфтор нокушудан беҳ. Чашмае мисли он агар бошад, Шоире мисли он набудан беҳ...