Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БА НОМИ ШУМО

Замона қуръаи нав мезанад ба номи шумо, Хушо, шумо, ки ҷаҳон меравад ба коми шумо. Дар ин ҳаво чӣ нафасҳо пуроташ асту хуш аст, Ки бӯи хуни дили мост дар машоми шумо. Танӯри синаи сӯзони мо ба ёд оред, К-аз оташи дили мо пухта гашт хоми шумо. Фурӯғе гавҳаре аз ганҷи хонаи дили мост, Чароғи субҳ, ки бармедамад зи боми шумо. Зи сидқ ойина кирдори субҳхезон буд, Ки нақши талъати хуршед ёфт шоми шумо. Замон ба дасти шумо медиҳад зимоми мурод, Аз он ки ҳаст ба дасти хирад зимоми шумо. Ҳумои авҷи саодат, ки мегурехт зи хок, Шуд аз амони замин доначини доми шумо. Ба зери рони талаб зин кунед асби мурод, Ки чун саманди замин шуд сипеҳр роми шумо. Ба шеъри Соя дар он базмгоҳи озодӣ, Тараб кунед, ки пурнӯш бод ҷоми шумо.