Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАР ДЕВОР

Дар боргоҳи Ҳазрати Мавлоно Мужда, эй дил, сӯйи ҷонон меравам, Сӯйи он сархайли хубон меравам. Дар ҳавояш солҳо пар мезадӣ, Сар ба ҳар девору ҳар дар мезадӣ. Инак, эй дил, бо ман, имшаб ёр бош, Сӯйи ҷонон меравӣ, бедор бош. Мехазам, ё медавам, ё мепарам, Ман туро то кӯйи ҷонон мебарам. Бол бикшо, эй уқоби тезпар, То бибӯсем остонаш тезтар. Бол бикшо, то ба он водӣ расем, Аз харобиҳо ба ободӣ расем. Водии ишқ аст он зебомақом, Санг-сангаш бӯсагоҳи хосу ом. Андар он ҷо хуфта Мавлонои мо, Обрӯи дини мо, дунёи мо. Он сару сархайли ошиқпешагон, Он чароғи маҳфили рӯҳониён. Базми ӯ тасвири боғи маърифат, Назми ӯ нури чароғи маърифат. Боз кун чашмонат, эй дил, мерасем, Он-к—он-к мо ба манзил мерасем. Мо куҷову он биҳиштӣ боргоҳ? Ӯ фурӯзон меҳру мо чун хоки роҳ. Мо куҷову остони офтоб, Ин ба бедорист, эй дил, ё ба хоб? Хонақоҳи ишқи Мавлоно бибин, Дар тавофаш қудсиён, боло бибин. Бар дару девор мерақсад шуоъ, Сӯфиён дар шӯру ваҷданду самоъ. Ошиқонро, бин, миёни анҷуман, Ё ба поешон малоик чархзан? Шамс пӯшида яке пашмин кулоҳ, Медурахшад андар он боло чу моҳ. Бо Зиёулҳақ Ҳисомиддин нигар, Истода орифе наздики дар. Он тарафтар ҳазрати Вайси Қаран,