Хаёли хушнигоҳон боз бо шӯхӣ саре дорад,
Хаёли хушнигоҳон боз бо шӯхӣ саре дорад,
Ба хуни ман қиёматнаргисистон маҳзаре дорад.
Ману савдои хубон, зоҳиду андешаи ризвон,
Дар ин ҳасратсаро ҳар кас саре дорад, саре
дорад.
Раво дорад чаро бар духтари раз нанги расвоӣ?
Гар аз инсоф пурсӣ, муҳтасиб ҳам духтаре дорад.
Ба ибрат ошно шав, аз ҷаҳони ранг берун о,
Мижа накшудаӣ, ин хонаи ваҳшат даре дорад.
Надорад гирдбоди ин биёбон нанги афсурдан,
Ба ҳар бедаступоӣ чидани доман паре дорад.
Дар ин баҳр аз ғаносомонии вазъи садаф магзар,
Кафи дасти тамаъ бар ҳам ниҳодан гавҳаре дорад.
Ба тӯфони хаёли пуч, тарсам, гум кунӣ худро,
Ту танҳо меравӣ з-ин дашту гардат лашкаре дорад.
Тараб муфти ту, гар бо тозарӯӣ кардаӣ савдо,
Дар ин кишвар дукони гулфурӯшон шаккаре дорад.
Камолат даъвии ахлоқу он гаҳ мункири риндон,
Зи ҳақ магзар, сипеҳри одамият меҳваре дорад.
Ба ваҳми ҷоҳ мағрури таайюн
зистан то кай?
Нигин гар шуҳрате дорад, ба номи дигаре дорад.
Фузулӣ дар тилисми зиндагӣ натвон зи ҳад бурдан,
Қафас охир ба машқи парфишонӣ мистаре дорад.
Зи вазъи сояам умрест, ин овоз меояд,
Ки роҳат гар ҳавас бошад, заифӣ бистаре дорад.
Ту худро аз гирифторони дил фаҳмидаӣ, варна,
Саросар хонаи оина беруни даре дорад.
Набудам он қадар вомондаи ин анҷуман, Бедил,
Парафшон аст шавқ, аммо тааммул лангаре дорад.