Ба Каъба гар нанамоӣ ҷамоли худ моро
Ба Каъба гар нанамоӣ ҷамоли худ моро,
Зи хуни дида кунам лаъл реги Батҳоро.
Ба даври ҳусни ту аз муҳраи вафо пардохт
Мушаъбиди қадар ин ҳуққаҳои миноро.
Зи шавқи тавқи сагони дари ту гардонанд
Мусаббеҳони фалак субҳаи сурайёро.
Ба тарки ишрати имрӯз чун кунам, ки касе
Замон намешавад аз ман ҳаёти фардоро.
Маризи он лабам, ай нола, чун расӣ ба фалак,
Бипурс шарҳи мудовои ман Масеҳоро.
Канора кун зи ҷаҳон, то расӣ ба маъмани ишқ,
Ба кӯҳи Қоф талаб ошёни анқоро.
Ҳарими майкада, Ҷомӣ, макони покон аст,
Зи доғи зарқ бишӯ хирқаи мусаллоро.