Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй амаловора

Эй амаловора фитратро чӣ расво кардаӣ? Навҳа кун дар ёди имрӯзе, ки фардо кардаӣ. Ҳусни мутлақро муқайяд то куҷо хоҳӣ шинохт? Оҳ аз он Юсуф, ки дар чоҳаш тамошо кардаӣ. Ошнои шахс бо исму сифат муҳтоҷ чанд? Хондаӣ оёти таҳқиқу муаммо кардаӣ. Пушту рӯи сафҳаи идроки туст ислому куфр, Сатри Қуръонро зи каҷбинӣ чалипо кардаӣ. Ҳукми анқо дошт ин ҷо маънии фақру ғано, Ихтироъ аст ин, ки номаш дину дунё кардаӣ. Пунбаи миност, гар маҳрам шавӣ, эй бехабар, Он чи аз табъи дурушташ фаҳми хоро кардаӣ. Чун кафи сайқалгарон то кай мукаддар зистан? Зоҳират ҳам пок кун, гар дил мусаффо кардаӣ. Сурати оинаӣ, аз ҳоли худ ғофил мабош, Гар ҳама дар хона бошӣ, рӯ ба саҳро кардаӣ. Дидани оина асрори адам фаҳмидан аст, Нақши берангист, тимсоле ки пайдо кардаӣ. Дар адабгоҳе ки бояд аз фузулӣ об шуд, Бехабар коре агар кардӣ, таманно кардаӣ. Соғарат бар санг зан, то нолае гардад баланд, Нашъаи ҳангомаи пастӣ дуболо кардаӣ. Ҳар куҷо ушшоқ домони мижа афшурдаанд, Қатраҳоро дидаӣ гар, сайри дарё кардаӣ. Ҳайрати бемаъният хамёза аст, оғӯш нест, Ғафлати авҳом тӯле дошт, паҳно кардаӣ. Сайри зиндон аст, Бедил, даъвии озодият, Аз кушоди болу пар чоки қафас во кардаӣ.