Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Нафас дар талаб сӯхтӣ, дил надидӣ,

Нафас дар талаб сӯхтӣ, дил надидӣ, Ба Лайлӣ чӣ дорӣ, ки маҳмил надидӣ? Ба шабгир фарсуд чун шамъ ваҳмат, Ба зери қадам буд манзил, надидӣ. Ту, эй мавҷи ғофил зи асрори гавҳар, Бурунгард мондию соҳил надидӣ. Ба қатъи мурури замони таайюн Нафас буд шамшери қотил, надидӣ. Нашуд монеъи умр қайди тааллуқ, Ту рафтори ин пой дар гил надидӣ. Тараб дошт аз қайди парвоз растан, Ту кайфияти рақси бисмил надидӣ, Ҳисоби ту бо кибриё рост н-ояд, Заминро ба гардун муқобил надидӣ. Ба ғайр аз такутози гарди хаёлат Кас ин ҷо набуду ту ғофил надидӣ. Зи асбоб хӯрдӣ фиреби таҳайюр, Тамошои беруни маҳфил надидӣ. Тамизи ту шуд дурбоши ҳақиқат, Ки ҳақ дидию ғайри ботил надидӣ. Аз ин илму фазле ки ибрат надорад, Чӣ хондӣ, гар ашъори Бедил надидӣ?