Шодам, к-аз ин гулистон гар суратам надидӣ,
Шодам, к-аз ин гулистон гар суратам надидӣ,
Аз бӯи гул ба ранге фарёди ман шунидӣ.
Чун соя бори аҷзам вақфи тағофул авлост,
К-ин ҷо ба ранги мижгон, то ворасӣ, хамидӣ.
Дарди дилем, моро дар табъи нола рангест,
Наққош, хома бишкан, тасвири мо кашидӣ.
Хомӯш гаштӣ, эй шамъ, оҳ аз куҷот пурсам?
Бодат зи анҷуман бурд ё дар замин чакидӣ?
Дилро ба ҳар тапидан чандин ҷунуннавоист,
Сад сур агар хурӯшӣ, з-он нағмаҳо нашидӣ
Дар водие, ки куҳсор сангест дар фалохан,
Нақши қадам набудӣ, баҳри чӣ орамидӣ?
Пирӣ дамонд ҳарчанд хокистарат зи оташ,
Дар интизори парвоз як чашмию сапедӣ,
Ғафлат сари ғурурат бар осмон расонид,
З-ин як нафас таайюн чандин саҳар дамидӣ,
Дил чист, к-аз фузулӣ тоби ҷамолаш орад?
Ғофил зи барқи дидор оина офаридӣ,
Сайри саводи фақрат хоби баҳор дорад,
Марҳуни
бебарӣ бош, дар сояҳои бедӣ,
Гардун ба он такудав масти тавофи хок аст,
Зери қадам нигоҳе, эй ашк, пур давидӣ!
З-ин боғ доманат, ҳайф, чине накард ҳосил,
Эй бехабар, чӣ кардӣ, гул доштӣ, начидӣ?
Рӯзе дар аҳли таҳқиқ ҳасраткамин гузаштам,
Гуфтам: Талаб чӣ овард? Гуфтанд: Ноумедӣ.
Халқест бисмили ваҳм з-андешаи нигоҳаш,
Бедил, куҷост он теғ, к-аз ҳасраташ шаҳидӣ?