САМОЪИ САРД
Дар ин сарои бекасӣ, агар саре даромадӣ,
Ҳазор корвони дил зи ҳар даре даромадӣ.
Зибаски бол зад дилам ба сина дар ҳавои ту,
Агар даҳон кушудаме, кабӯтаре даромадӣ.
Самоъи сарди беғамон хумори мо намебарад,
Ба сони шуъла кошки қаландаре даромадӣ.
Хушо, ҳавои он ҳарифу оҳи оташини ӯ,
Ки ҳар нафас зи синааш самандаре даромадӣ.
Яке набуд аз ин миён, ки тир бар ҳадаф занад,
Дареғ, агар камонкаше, диловаре даромадӣ.
Агар ба қасди хуни ман набуд дасти ғам чаро
Аз остин ишқи ӯ чу ханҷаре даромадӣ?
Фурӯ халид дар дилам ғаме, ки нест марҳамаш,
Агар на хори ӯ будӣ ба наштаре даромадӣ.
Шаби сиёҳ ойина зи акси орзу тиҳист,
Чи будӣ ар парирухе зи чодаре даромадӣ.
Сиришки Соя ёва шуд дар ин кавири сӯхта,
Агар замона хостӣ чӣ гавҳаре даромадӣ.