Дилдор гузашту нигаҳи бозпасин монд,
Дилдор гузашту нигаҳи бозпасин монд,
Дар рафтани ӯ ончи ба мо монд, ҳамин монд.
Чун шамъ, ки хокистараш оинаи доғ аст,
Ман сӯхтаму чашми сиёҳе ба камин монд.
Дигар чӣ нисори ту кунад мушти ғуборам?
Як саҷда ҷабин доштам, он ҳам ба замин монд.
Гар ҳуш бувад, ибрати шуҳратталабиҳост,
Хамёзаи хушке, ки зи шоҳон ба нигин монд.
Гарди нафаси туст парафшони таваҳҳум,
З-ин анҷумани шавқ на он рафту на ин монд.
Аз нақши ту дорад халал оинаи таҳқиқ,
Ҳар ҷо асари ваҳму гумон рафт, яқин монд.
Ҳарчанд ғуборам ҳама бар боди фано рафт,
Уммед ба кӯйи ту ҳамон хокнишин монд.
Бебаргиям
аз кулфати асбоб баровард,
Кӯтоҳии домони ман аз ғорати чин монд.
Хокистари ман назри насими сари кӯест,
Ин гард муҳол аст, тавонад ба замин монд.
То мунтахабе вокашам аз нусхаи таслим,
Чун моҳи навам як хами абрӯ зи ҷабин монд.
Дунболаи минои зикафрафта тарангест,312
Дил рафту ба гӯшам асари оҳи ҳазин монд.
Бедил, ба раҳаш доғи замингирии ашкам,
Сар дар раҳи ҷонон натавон хуштар аз ин монд.