Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун бувад асли гавҳаре қобил

Чун бувад асли гавҳаре қобил, Тарбиятро дар ӯ асар бошад! Ҳич сайқал наку надонад кард, Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад! Саг ба дарёи ҳафтгона бишӯй, Ки чу тар шуд, палидтар бошад! Хари Исо гараш ба Макка баранд, Чун биёяд, ҳануз хар бошад!