Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам

Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам, Биё, к-имрӯз ман аз худ ниҳонам! Гирифтам дашнае в-аз худ буридам, На они худ, на они дигаронам! Ғалат кардам, набурридам ман аз худ, Ки ин тадбир бе ман кард ҷонам! Надонам, к-оташи дил бар чи сон аст, Ки дигар шакл месӯзад забонам! Ба сад сурат бидидам хештанро, Ба ҳар сурат ҳамегуфтам: «Ман онам!». Ҳамегуфтам: «Маро сад сурат омад, Ва ё сурат наям, ман бенишонам! Ки суратҳои дил чун меҳмонанд, Ки меоянду ман чун хонабонам!».