Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДАРСИ ҲАСТӢ

Ба ғами ишқ мубтало нашавед, Дӯстон, ман шудам, шумо нашавед. Аз пайи корвон шитоб кунед, То дар ин ҷода нақши по нашавед. Теша бар пойи хастагон назанед, Хастаеро агар асо нашавед. Сангро гар зи раҳ набардоред, Халқро санги пеши по нашавед. Оташам, сӯҳбатам хатар дорад, Бо ман он беҳ ки ошно нашавед. Дарси ҳастӣ зи оташ омӯзед, Манишинед, то фано нашавед.