РАСИДАНИ ЗОЛ БА МАДАДИ МЕҲРОБ
Сӯи гурд Меҳроб бинҳод рӯй,
Ҳаме тохт бо лашкари ҷангҷӯй.
Чу Меҳробро пойбарҷой дид,
Ба сар-ш - андарун донишу рой дид,
Ба дил гуфт, к-акнун зи лашкар чӣ бок,
Чи пешам Хазарвон, чи як мушти хок.
Ба Меҳроб гуфт, «Эй ҳушивор мард,
Писандидаӣ дар ҳама коркард.
Кунун ман шавам дар шаби тирагун,
Яке даст ёзам бар эшон ба хун.
Шаванд огаҳ аз ман, ки боз омадам,
Дилогандаву кинасоз омадам.»
Камоне ба бозу дарафканд сахт,
Яке тир бар сони шохи дарахт.
Нигаҳ кард, то ҷои гурдон куҷост,
Хадангаш ба чарх - андарун ронд рост.
Бияндохт се ҷой се чӯба тир,
Баромад хурӯшидани дору гир.
Чу шаб рӯз гашт, анҷуман шуд сипоҳ,
Бад-он тир карданд ҳар як нигоҳ.
Бигуфтанд, к-ин тири Зол асту бас,
Наронад чунин дар камон ҳеч кас.
Шамосос гуфт: «Эй Хазарвони шер,
Накардӣ чунин размро хир-хир.
На Меҳроб мондӣ, на лашкар, на ганҷ,
На аз Зол будӣ бад-ин гуна ранҷ.»
Хазарвон бад-ӯ гуфт, к-«Ин як тан аст,
На оҳантан асту на оҳарман аст.
Ту аз ҷанги ӯ дил мадор эч танг,
Ҳам акнун биёрам ман ӯро ба чанг».
Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт,
Хурӯши табира баромад зи дашт.
Ба шаҳр - андарун кӯс бо каррной,
Хурӯшидани зангу ҳиндидарой.
Дамон Зол пӯшид сози набард,
Бар асп андаромад ба кирдори гард.
Сипоҳаш нишастанд бар пушти зин,
Сари пур зи кин, абрувон пур зи чин.