З-он тағофулгар чаро ношод бояд зистан?
З-он тағофулгар чаро ношод бояд зистан?
Эй фаромӯшон, ба завқи ёд бояд зистан.
Булбулон, не улфати дом аст ин ҷо, не қафас,
Бар муроди хотири сайёд бояд зистан.
Ман намегӯям, ба куллӣ аз тааллуқҳо баро,
Андаке з-ин дарди сар озод бояд зистан.
Хоҳ дар дӯзах ватан кун, хоҳ бо фирдавс соз,
Офият ҳар ҷо набошад, ёд бояд зистан.
Чун сипандам умрҳо дар кисвати афсурдагӣ,
Бар умеди як тапиш фарёд бояд зистан.
Нест з-ин душвортар ҷаҳде, ки моро то фано
Сулҳкори олами аздод бояд зистан.
Зиндагӣ дар гардан афтодаст, ёрон, чора чист?
Чанд рӯзе, ҳар чӣ бодо, бод, бояд зистан.
Мавҷи гавҳар дар қаноатгоҳи қисмат хушк нест,
Тардимоғи шарми истеъдод бояд зистан.
Ҳар сари мӯят хами таслими чандин ҷонканист,
Бо ҳазорон теша як Фарҳод бояд зистан.
Бедил, ин ҳастӣ намесозад ба ташвиши нафас,
Шамъро то кай ба роҳи бод бояд зистан?