Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бозам ба ҷунун зад ҳаваси тарҳи замине

Бозам ба ҷунун зад ҳаваси тарҳи замине К-аз номи сухан тоза кунам қитъанигине. Ҳайрат ба дилам раҳ накушояд, чӣ хаёл аст? Бӯи нигаҳе бурдаам аз оинабине. З-ин сози заифӣ ба чӣ оҳанг хурӯшам? Сур аст, агар вокашӣ аз пашша танине. Эй фақргузин, хирқаи садранг мапардоз, Ҳайф аст, дамад гулбуне аз хокнишине. Дар тинати хиссатнасабон ҷавҳари ахлоқ Аз тангии ҷо дар раҳиме мурда ҷанине. Афсӯс ба домони ҳавоят нашикастам, Гарде ки занад даст ба ороиши чине. Хиҷлаткаши нақши қадами обиладор аст Дар роҳи ту ҳар сӯ арақолуда ҷабине. Бо фитнаи он наргиси кофар чӣ тавон кард Чун субҳа, гирифтам, ба ҳам орам дилу дине. Пеш ой, ки чун шамъ нишастаст ба роҳат Дар гардиши рангам нигаҳи бозпасине. Бедил, чу шарар чашм ба фурсат накушудам, То як мижа ҷорӯб кашам хонаи зине.