Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

КУШТА ШУДАНИ НӮЗАР БА ДАСТИ АФРОСИЁБ

Сӯи шоҳи туркон расид огаҳӣ, К-аз он номдорон ҷаҳон шуд тиҳӣ. Дилаш гашт пуроташи дарду ғам, Ду рухро зи хуни ҷигар дод нам. Чунин гуфт, к-«Ин Нӯзари тоҷдор Ба зиндону ёрони ман кушта хор. Чӣ чора-ст ҷуз хуни ӯ рехтан, Яке кина аз нав барангехтан». Барошуфту гуфто, ки «Нӯзар куҷост, К-аз ӯ Виса хоҳад ҳаме кина хост.» Ба дижхим фармуд, к-«Ӯро биёр, Бад-он то биёмӯзамаш корзор». Сипаҳдор Нӯзар чу огоҳ шуд, Бидонист, к-аш рӯз кӯтоҳ шуд. Сипоҳе пур аз ғулғулу гуфтугӯй Сӯи шоҳ Нӯзар ниҳоданд рӯй. Бубастанд бозуш бар сони санг, Кашиндандаш аз ҷой пеши наҳанг. Ба дашт оваридандаш аз хайма хор, Бараҳна сару пову баргашта кор. Абар шоҳ Нӯзар рад Афросиёб Барафканд дида диле пуршитоб. Чу аз дур дидаш, забон баркушод, Зи кини ниёкон ҳаме кард ёд. Зи Салму зи Тур андаромад нахуст, Дилу дида аз шарми шоҳон бишуст, Бад-ӯ гуфт ҳар бад, ки ояд, равост, Бигуфту барошуфту шамшер хост. Бизад гардани Нӯзари шаҳрёр, Танашро ба хок андарафканд хор. Шуд он ёдгори Манучеҳршоҳ, Тиҳӣ монд Эрон зи тахту кулоҳ. Аё донишӣ марди бисёрҳуш, Ҳама чодари озмандӣ мапӯш, Ки тахту кулаҳ чун ту бисёр дид, Чунин достон чанд хоҳӣ шунид. Расидӣ ба ҷое ки биштофтӣ, Сар омад, к-аз ӯ орзу ёфтӣ.