Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад

Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад, К-аз ҳазрати Сулаймон ишрат ишорат омад. Хоки вуҷуди моро аз оби бода гил кун, Вайронсарои дилро гоҳи иморат омад. Ин шарҳи бениҳоят, к-аз зулфи ёр гуфтанд, Ҳарфест аз ҳазорон, к-андар иборат омад. Айбам бипӯш, зинҳор, эй хирқаи майолуд, К-он поки покдоман баҳри зиёрат омад. Имрӯз ҷойи ҳар кас пайдо шавад зи хубон, К-он моҳи маҷлисафрӯз андар садорат омад. Бар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи офтоб аст, Ҳиммат нигар, ки мӯре бо он ҳақорат омад. Аз чашми шӯхаш, эй дил, имони худ нигаҳ дор, К-он ҷодуи камонкаш бар азми ғорат омад. Олудаӣ ту, Ҳофиз, файзе зи шоҳ дархоҳ, К-он унсури самоҳат баҳри таҳорат омад. Дарёст маҷлиси ӯ, дарёб вақту дур ёб, Ҳон, эй зиёнрасида, вақти тиҷорат омад.