Надонам, чу шамъ аз чӣ хиҷлат чунинам?
Надонам, чу шамъ аз чӣ хиҷлат чунинам?
К-аз оташ арақ мечаконад ҷабинам.
Нафас мешуморам ба уммеди раҳмат,
На дунё ба кори ман омад, на динам.
Ҳузуре надорад баҳори саломат,
Шикасте кунад гул, ки ранг офаринам.
Чӣ сон тарф бандад умед аз тасаллӣ?
Ба шак низ роҳе надорад яқинам.
Зарур аст поси хаёлоти ботил,
Адабпарвари ҳастии нозанинам.
Кӣ пӯшад уюби тиҳидастии ман?
Дароз аст кӯтоҳии остинам.
Илоҷе надорам, ба ҷуз хок гаштан,
Фитодаст саъйи нафас дар каминам.
Дил аз сарнавишти заифӣ чӣ нолад?
Ба чинӣ расидаст ин мӯ зи чинам.
Кам аз пашшаам, лек аз иброми матлаб
Туфанг аст дар гӯши мардум танинам.
Надорам ба ҷуз ҷонканӣ номи дигар,
Чу Фарҳод дар кӯҳ гум шуд нигинам.
Зи тимсол худбинӣ имкон надорад,
Ту оина пардоз, то ман бибинам.
Ҳисоби замин бо фалак рост н-ояд,
Бар ҳар ҷо ту бошӣ, ту ӯӣ, ман инам.
Дар ин базм танг аст ҷои сипандам,
Магар нола бархезаду ман нишинам.
Чӣ гӯям мани Бедил аз бекасиҳо?
Ба сар осмон ҳам надорад заминам.