Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАСИДАНИ СӮҲРОБ БА ДИЖИ САПЕД

Диже буд, к-аш хондандӣ Сапед, Бад-он диж буд эрониёнро умед. Нигаҳбони диж размдида Ҳаҷир, Ки бо зӯру дил буду бо гурзу тир. Ҳанӯз он замон Гаждаҳам хурд буд, Ба хурдӣ гирояндаву гурд буд. Яке духтараш буд гурду савор, Бадандешу гарданкашу номдор. Чу Сӯҳроб наздики он диж расид, Ҳаҷири диловар мар ӯро бидид. Нишаст аз бари бодпое чу гард, Зи диж рафт пӯён ба дашти набард. Чу Сӯҳроби ҷанговар ӯро бидид, Барошуфту шамшери кин баркашид. Зи лашкар бурун тохт бар сони бод, Чунин гуфт, к-«Эй дода ҷонат ба бод, Ту танҳо ба ҷанг омадӣ хира-хир, Кунун пой дору инон сахт гир. Чӣ мардиву ному нажоди ту чист, Ки зояндаро бар ту бояд гирист?» Ҳаҷираш чунин дод посух, ки «Бас, Ба ҷангат набояд маро ёр кас. Ҳаҷири далери сипаҳбад манам, Ҳам акнун саратро зи тан барканам. Фиристам ба наздики шоҳи ҷаҳон, Танатро канад каргас андар ниҳон» Бихандид Сӯҳроб, к-ин гуфтугӯй Ба гӯш омадаш, тез бинҳод рӯй. Сабук найза бар найза андохтанд, Ки аз якдигар боз нашнохтанд. Чу оташ биёмад гави пилзӯр, Чу кӯҳе равон кард аз ҷо сутур. Яке найза зад бар миёнаш Ҳаҷир, Наёмад синон андар ӯ ҷойгир. Синон боз пас кард Сӯҳроби шер, Буни найза зад бар миёнаш далер. Зи зин баргирифташ ба кирдори бод, Наёмад ҳаме з-ӯ ба дил-дар-ш ёд.