Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар зи сирри ишқи ӯ дорӣ хабар

Гар зи сирри ишқи ӯ дорӣ хабар, Ҷон бидиҳ дар ишқу дар ҷонон нигар! Ишқ дарёаст мавҷаш нопадид, Оби дарё оташу мавҷаш гуҳар! Гавҳараш асрору ҳар сӯйе аз ӯ Соликеро сӯйи маънӣ роҳбар! Сар кашӣ аз ҳар ду олам ҳамчу мӯй, Гар сари мӯйе аз ин ёбӣ хабар! Дӯш масте хуфта будам нимшаб, К-уфтод он моҳро бар мо гузар! Дид рӯйи зарди ман дар моҳтоб, Кард рӯйи зарди мо аз ашк тар! Раҳмаш омад, шарбати васлам бидод, Ёфт як-як мӯйи ман ҷоне дигар! Гарчи маст афтода будам аз шароб, Гашт як-як мӯй бар ман дидавар! Дар рухи он офтоби ҳар ду кавн Масти лояъқил ҳамекардам назар!