Маҳи нав менамояд имшабам аз осмон абрӯ,
Маҳи нав менамояд имшабам аз осмон абрӯ,
Қадаҳ каҷ карда меояд ишоратҳои он абрӯ.
Таолаллаҳ, чӣ нақши дилфиреб аст ин, намедонам,
Ки ҷавҳар дар дами теғ аст ё ноз андар он абрӯ?
Ба ин андоз дар андешаи сайди кӣ метозад?
Ки умре шуд, ҳамон афкандааст аз каф инон абрӯ.
Ишорат маҳви ҳайрат кун, ки дар базми тамошояш
Ба ранги моҳи нав дар чашм мегардад ниҳон абрӯ.
На гулшан наргисе дорад, на дарё мавҷ меорад,
Ба олам фитна мекорад ҳамон чашму ҳамон абрӯ.
Чаро дар хоку хун наншонадам, дарде ки ман дорам?
Чу тир афкандааст аз хеш дурам он камонабрӯ.
Харобӣ мекунам, таъмири нозе дар назар дорам,
Зи бахти тираи ман вусмае мехоҳад он абрӯ.
Зи ғафлат шикваҳо пардохтам, аммо нафаҳмидам,
Ки хубонро тағофул гӯш мебошад, забон абрӯ.
Ҷаҳонеро таҳайюрбисмили нози ту мебинам,
Намедонам, чӣ теғ аст ин, ки дорад дар миён абрӯ?
Ба ёди чини абрӯи ту дарё ҳам зи амвоҷаш
Шикасте мекашад бар дӯши чандин корвон абрӯ.
Ишорат ҳам ба имои хаёлаш барнамеояд,
Агар бар авҷи истиғно набошад нардбон абрӯ.
Ба вазъи саркашӣ лутфи тавозуъ дидаам, Бедил,
Ба чашми маслаҳат теғам, ба арзи имтиҳон абрӯ.