ВАСВАСАҲОИ ҒУРБАТ
Дар маҳзари устод Восифи Бохтарӣ
Эй сарам лабрези савдоят ҳанӯз,
Хонаи дил ҷои ғамҳоят ҳанӯз.
Гуфта будам, гар набошӣ, нестам,
Бе ту, аммо Меҳано, ман зистам.
Зистам, зеро ту дар ман зиндаӣ,
Бо ману бе ман ту, Меҳан, зиндаӣ.
То зи домонат ҷудо шуд ҷои ман,
Ранги шодӣ рафт аз симои ман.
Тифли модармурдаро монам, ки зор
Мӯя кардам бар сари ҳар раҳгузор.
Эй басо раҳрав, ки аҳволам чу дид,
Раҳмаш омад, бар сарам дасте кашид.
Ман шудам аз дасти онон саргарон,
Дасти модар нест дасти дигарон.
Меҳано! Ман ташнаи дасти туям,
Ҳар чӣ ҳар ҷо ҳастам аз ҳасти туям.
Ҷони ман бо ин ҷаҳон бегона аст,
Бо замину осмон бегона аст.
Кӯчаҳо дар чашмам аз одам тиҳист,
Гар бинолам, кас надонад нола чист?
Ҳар шабе дил дар ҳавоят мепарад,
Ӯ маро то кӯчаҳоят мебарад.
Ҳар шабе бо хеш паймон мекунам,
Ин ки фардо азми ёрон мекунам.
Лек он фардо намеояд фароз,
Умри ғурбат мешавад ҳар шаб дароз.
Офарин бар ман, ки чандин солу моҳ,
Зинда мондам бе ту бо ин ашку оҳ.
Офарин бар ин дили девона бод,
Офарин бар ҷони беҷонона бод.
Дил зи ёдат як нафас ғофил нашуд,
Ҷон ба кӯи дигарон моил нашуд.
Соқиё, ғам ҷону дил тасхир кард,
Ин ғами бепир моро пир кард.
Соқиё, май деҳ, ки махмурӣ бас аст,
Аз дари пири муғон дурӣ бас аст.
Соқиё, во кун даҳони кӯзаро,