Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чаманӣ, ки ҷумла гулҳо ба паноҳи ӯ гурезад

Чаманӣ, ки ҷумла гулҳо ба паноҳи ӯ гурезад, Ки дар ӯ хазон набошад, ки дар ӯ гуле нарезад! Шаҷарӣ хушу хиромон ба миёнаи биёбон, Ки касе ба сояи ӯ чу бихуфт, маст хезад! Фалакӣ чу осмонҳо, ки бад-ӯст қасди ҷонҳо, Ки Зуҳал наёрад он ҷо, ки ба Зуҳра барситезад! Гуҳаре латифконӣ ба макони ломаконӣ, Ба вай аст ишорати дил, чу ду дида ашк безад!