Рафтам Назди Бобоям
Давидаму давидам,
Нимарӯзӣ расидам,
Деҳи бобома дидам,
Акси онро кашидам.
Кӯҳи деҳа пурарча,
Заминаш парча-парча.
Обаш шаффофи шаффоф,
Осмонаш софи соф.
Хонаҳояш зери шах,
Шахҳояш дар зери ях.
Яхҳояш яхҳои пир,
Ҷойи чарои нахчир.
Овезон баъди борон
Мегардад рангинкамон,
Як сараш дар шаршара,
Як сараш дар подара…
Давидаму давидам,
Нимарӯзӣ расидам,
Деҳи бобома дидам,
Акси онро кашидам.
Ин сон як деҳи зебо
Боз бошад дар дунё?
