Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Раме, бетобие, тағйири ранге, гардиши ҳоле,

Раме, бетобие, тағйири ранге, гардиши ҳоле, Фусурдӣ бехабар ҷаҳде, ки шояд во кунӣ боле. Ба ранги ғунча натвон офиятмағрур гардидан, Парешонӣ бувад тафсили ҳар ҷамъиятиҷмоле. Ба ғайр аз нафйи ҳастӣ маҳрами исбот натвон шуд, Ҳамон парвози рангат баста бар оина тимсоле. Хусули обу ранги имтиёз осон намебошад, Бисӯзу доғ шав, то бар рухи ҳастӣ ниҳӣ холе. Ба завқи сӯхтан з-ин анҷуман кулфат ғанимат дон, Ҳамин шом асту бас, гар шамъ дорад субҳи иқболе. Таҳайюр заҳмати таклифи дигар барнамедорад, Нигаҳ бошу мижа бардор, ҳар борею ҳаммоле. Ман аз суду зиён огаҳ наям, лек инқадар донам, Ки ҷинси офиятро ҷуз хамӯшӣ нест даллоле. Ба ҳар ҷо рафтаем аз худ, асар рафтаст пеш аз мо, Ғуборе ку, ки нозад корвони мо ба дунболе. Ба расвоӣ кашид аз шӯхии чоки гиребонат Табассум аз саҳар ҳамчун шиканҷ аз чеҳраи золе. Ба ҳеҷ оҳанг арзи муддао сурат намебандад, Чу мазмуни баланд афтодаам дар хотири лоле Магар хокистари дил дорад истиқболи оҳангам, Ки аз табъи сипанди ман тапидан мекашад боле. Тапиш дар табъи амвоҷ аст саъйи гавҳаророӣ, Табе дорам, ки хоҳад рехт охир ранги табхоле. Чӣ пардозам ба изҳори хати бематлаби ҳастӣ? Магар аз хомаи таҳқиқ берун афканам ноле. Ба носури ҷигар умрест гарди нола мебезам, Хушо арзи бизоатҳо, кафи холию ғирболе. Зи ташрифи ҷаҳон, Бедил, ба урёнӣ қаноат кун, Ки гул ин ҷо ҳамин як ҷома меёбад пас аз соле.